Ҳушдори демократ‎ҳо ба Трамп дар бораи равобит бо Исроил
https://parstoday.ir/tg/news/world-i34960-Ҳушдори_демократ_ҳо_ба_Трамп_дар_бораи_равобит_бо_Исроил
Бархе намояндагони Ҳизби демократ ба раисиҷумҳури Амрико дар хусуси навъи равобит бо Исроил, ҳушдор доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 31, 2018 12:42 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори демократ‎ҳо ба Трамп дар бораи равобит бо Исроил

Бархе намояндагони Ҳизби демократ ба раисиҷумҳури Амрико дар хусуси навъи равобит бо Исроил, ҳушдор доданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, қонунгузорони аршади демократ ба давлати Доналд Трамп дар бораи истифода аз Исроил барои дастовардҳои сиёсӣ (ҳизбӣ), кӯтоҳмуддат ҳушдор доданд.

Демократҳо дар Кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси намояндагони Амрик, Трамп ва дастёрони вайро муттаҳам карданд, ки иқдомоташон дар замина сиёсатгузориҳои марбут ба Исроил, ангезаҳои сиёс дорад.

Онон таъкид карданд, давлати Трамп дар мавриди интиқоли сафорати Амрико аз Тел Авив ба Қудс бетадбирӣ кардааст.

Ин дар шароите аст, ки шуморе аз демократҳо низ аз интиқоли сафорати Амрик аз Тел Авив ба Қудс, ҳимоят карданд.