Номаи Шӯрои мусулмонони Англия ба Тереза Мэй дар эътироз ба исломҳаросӣ
(last modified Thu, 31 May 2018 13:19:12 GMT )
Май 31, 2018 18:19 Asia/Dushanbe
  • Номаи Шӯрои мусулмонони Англия ба Тереза Мэй дар эътироз ба исломҳаросӣ

Бузургтарин гурӯҳи мусулмони Англия имрӯз (панҷшанбе) аз Ҳизби муҳофизакори Тереза Мэй хост, таҳқиқоти мустақиле дар бораи исломҳаросӣ анҷом диҳад ва итминон ҳосил кунад, ки "нажодпарастон ва мутаассибон ҷойгоҳе дар ин ҳизб надоранд."

Ба гузориши хабаргузори Associated Press, Шӯрои мусулмонони Англия эълом кард, акнун ҳаррӯз шоҳиди ҳаводисе ношӣ аз исломҳаросӣ дар Англия ҳастем, ки шомили номзадҳо ва намояндагоне аз Ҳизби муҳофизакор аст ва тавтеаҳои тавҳиномез то иттиҳомоте аз иртиботот бо чеҳраҳои рости ифротиро шомил мешавад.

Ҳорун Хон, дабири кулли Шӯрои мусулмонони Бритониё дар номае ба раиси Ҳизби муҳофизакор навишт, мехоҳем тамоми аҳзоби сиёсӣ итминон ҳосил кунанд, ки онҳо дар иҷрои тааҳҳудашон алайҳи тамоми шаклҳои таассуб ва табъиз қотеъ ҳастанд.

Ӯ таъкид кардааст, демократияи мо набояд таҳти таъсири як фарҳанги тафриқаафкани дохили аҳзоби сиёсӣ қарор бигирад, ки мӯҷиби азияту озори ақаллиятҳо ва бегона кардани касоне шавад, ки мавозеи сиёсии мушобеҳе доранд.

Дар ин нома феҳрасте  аз ҳаводисе омадааст, ки ба гуфтаи ин гурӯҳ, апрел ва авоили май рух додааст.

Дар як маврид, мушовирони Ҳизби муҳофизакори Англия, Исломро " натсизмит ҷадид " тавсиф кардаанд ва мақолоте, ки мусулмононро "ангалҳо" меномид, ба иштирок гузоштаанд.

Мавриди дигар ба иқдоми Дэвид Бостон, яке аз номзадҳои Ҳизби муҳофизакор ишора дошт, ки чанд рӯз пеш аз интихобот, тасвире аз як бурдаи кӯчаки гӯшти хуки овезон ба дар бо навиштаи " аз хонаи худатон муқобили террористҳо ҳифозат кунед ", мунташир кард.