Пешниҳоди Кореяи Шимолӣ барои баргузории ҷашни муштараки дӯстӣ бо Кореяи Ҷанубӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i34988-Пешниҳоди_Кореяи_Шимолӣ_барои_баргузории_ҷашни_муштараки_дӯстӣ_бо_Кореяи_Ҷанубӣ
Ҳайати Кореяи Шимолӣ дар ҷараёни дидор бо ҳайати Кореяи Ҷанубӣ дар рустои марзии Панмунҷум пешниҳод дод, ду кишвар ҷашни муштараки дӯстӣ дар Сеул (пойтахти Кореяи Ҷанубӣ) баргузор кунанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 01, 2018 19:57 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди Кореяи Шимолӣ барои баргузории ҷашни муштараки дӯстӣ бо Кореяи Ҷанубӣ

Ҳайати Кореяи Шимолӣ дар ҷараёни дидор бо ҳайати Кореяи Ҷанубӣ дар рустои марзии Панмунҷум пешниҳод дод, ду кишвар ҷашни муштараки дӯстӣ дар Сеул (пойтахти Кореяи Ҷанубӣ) баргузор кунанд.

Ба гузориши Рейтер, Ри Сон Гуан раиси кумитаи сулҳу ваҳдати дубораи Кореяи Шимолӣ, ки имрӯз ҷумъа дар садри як ҳайати панҷнафара ба рустои марзии Панмунҷуми Кореяи Ҷанубӣ сафар кардааст, пешниҳод дод, ки ду кишвари моҳи ҷорӣ (июн) ҷашни муштараки дӯстӣ дар Сеул баргузор кунанд.

Ҳайатҳои баландпояи ду Корея пеш аз дидори сарони Амрико ва Кореяи Шимолӣ дар нишасте дар рустои марзии Панмунҷум мавсум ба "Хонаи сулҳ" дар Кореяи Ҷанубӣ, роҳҳои тақвияти равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Раҳбари Кореяи Шимолӣ ва раиси ҷумҳурии Амрико қарор аст 12 июни ҷорӣ дар Сингапур бо якдигар дидор ва гуфтугӯ кунанд.