Июн 01, 2018 20:12 Asia/Dushanbe
  • Дархости кумаки фаврии Созмони милал барои мардуми Афғонистон

Дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстонаи Созмони милал рӯзи ҷумъа эълом кард, ҳудуди чаҳор миллион нафар дар Афғонистон ба кумакҳои фаврии башардӯстона ниёзманд ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, ин дафтар тасреҳ кард, хушксолӣ ва ҷанг сабаб шудааст теъдоди афроди ниёзманд ба дарёфти кумакҳои фаврии башардӯстона дар Афғонистон афзоиш ёбад.

Дар гузориши ин созмон омадааст, ҳудуди 1.4 миллион нафар дар Афғонистон дар соли ҷорӣ бо таҳдиди шадиди гуруснагӣ рӯбарӯ ҳастанд.

Пеш аз ин ҳам вазири умури муҳоҷирини Афғонистон гуфта буд, аз оғози соли 2018 то кунун, 200 ҳазор нафар бар асари ҷанг, ҳамлаҳои террористӣ ва хушксолӣ аз манозили худ ба манотиқи мухталифи ин кишвар овора шудаанд.

Сйид Ҳусайн Олимии Балхӣ бо баён инки оворагони дохилии Афғонистон ниёз ба кумаки ғизоӣ, дорӯ ва пӯшок доранд, афзудааст, пеш аз ин як миллиону 200 ҳазор овораи дохилӣ дар Афғонистон шиносоӣ шудаанд, ки бо овора шудани 200 ҳазор нафари дигар дар соли ҷорӣ, шумори онҳо ба як миллиону чаҳорсад ҳазор нафар расидааст.

Ба эътиқоди бештари мардум ва масъулони Афғонистон, ҳузури низомии Амрико аз соли 2001 дар Афғонистон ба баҳонаи мубориза бо терроризм ба ҳамроҳи соири кишварҳои узви НАТО, то кунун ҳеҷ дастоварде ҷуз куштори ҳазорон ғайринизомӣ ва тахриби зерсохтҳо надошта ва ноамниҳо рӯз ба рӯз дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.