Июн 02, 2018 13:05 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи Лондон ба дахолати Бритониё дар ҷанги Яман

Борис Ҷонсон, вазири хориҷаи Бритониё эътироф кард, ки кишвараш бо эъзоми неруҳои низомӣ ба Арабистон дар ҷанги Яман, мушорикат дорад. Ҷонсон эълом кард, ки ин неруҳо зери назари эътилофи Саудӣ нестанд, балки мустақиман аз Лондон дастур мегиранд, вай таъкид кард, ки дар гуфтугӯи ахири худ бо Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ ба вай итминони хотир дода, ки Бритониё худро дар баробари амнияти Арабистон масъул медонад.

Ҳарчанд Лондон қаблан ба ирсоли силоҳ ба Арабистон эътироф карда буд, аммо ин бор изъон карда, ки неруҳои низомии вежаеро ҳам ба Арабистони Саудӣ эъзом карда, то аз он дар баробари таҳдидоти Яман муҳофизат кунад. Нуктаи муҳим ин аст, ки ин эътирофот аз забони раиси дастгоҳи дипломтияи Бритониё шунида шуд.

Изҳороти мақомоти Бритониё ва пеш аз онҳо, изҳороти мақомоти амрикоӣ дар бораи эъзоми неруҳои вижа ба Арабистон ба хубӣ нишон медиҳад, ки Лондон ва Вашингтон нақши муҳимме дар ҷанги Яман доранд.

Дар авохири ноябри 2017 рӯзномаи бритониёии “Daily Mail” фош кард, ки артиши Бритониё бо омӯзиши низомиёни саудӣ дар ҷанги Яман, нақши муҳим бар ӯҳда дорад. Дар воқеъ ин масъала, бахши дигаре аз мушорикати ғайриинсонии давлати муҳофизакори Бритониё ва ҳамдастии он бо режими Саудӣ барои тадовуми ҷанги ғайри инсонии Арабистон ва шарики он, яъне Иморот дар Яманро нишон медиҳад.

Лондон дар солҳои ахир таваҷҷуҳи худро ба афзоиш қарордодҳои низомӣ ва таслиҳотии худ бо Риёз карда маътуф аст. Арабистони Саудӣ аз бузургтарин муштариҳои таслиҳоти Бритониё аст.

Ба гуфтаи Sergey Syberibov, коршиноси сиёсии рус, Амрико ва Бритониё судҳои калоне аз ҷанги Яман мебаранд.

Дар айни ҳол Бритониё дар ростои сиёсати Ғарб, бо ин гуна фурӯшҳо ба таври мустақим ба бақои режимҳои муттаҳиди Ғарб дар Ховари Миёна, аз ҷумла Арабистони Саудӣ кумак мекунад.

Дар ҳоли ҳозир Бритониё нақши муҳимме дар ироа омӯзиши низомӣ ба неруҳои низомии Саудӣ бар ӯҳда дорад ва ҳатто омодасозии ҷангандаҳои неруи ҳавоии Саудӣ барои анҷоми амалиёти бомбаборони мардуми Яман бо мушорикати мустақими мусташорони бритониёӣ сурат мегирад. Ҳамчунин давлати муҳофизакори Бритониё, на фақат чашми худро бар нақзи густурдаи ҳуқуқи башар дар Арабистони Саудӣ бастааст, балкӣ эътиное низ ба ҷиноёт ва фаҷиаҳое, ки режми Саудӣ дар ҷараёни ҷанги 38 моҳаи Яман муртакиб шудааст, надорад.

Дар гузориши муассисаи “War Child Uk” низ ширкатҳои таслиҳотии бритониёӣ ба касби судҳои калон аз куштори кӯдакони бегуноҳи Яяманӣ бо фурӯши анвои таҷҳизоти низомӣ ба Арабистон муттаҳам шудаанд.

Ба гуфтаи Barbara Valey, коршиноси утришӣ, Амрико ва Бритониё масъули ҷанги фоҷиабор ва ҷиноёти ҷангӣ дар Яман ҳастанд.

Давлати муҳофизакори Бритониё ба вуҷуди гузоришҳои мутааддиди созмонҳои ҳуқуқи башарӣ дар бораи куштори ғайринизомиёни яманӣ ва бомбаборони амокин ва таъсисоти ғайринизомии ин кишвар тавассути ҳавопаймоҳои Саудӣ ва муттаҳидонаш ва низ маҳкумияти мукаррари режими Саудӣ дар заминаи нақзи ҳуқуқи башар ва афзоиши мухолифатҳои дохилӣ, рӯйкарди худро тағйир надодааст.

Акнун ифшои нақши мустақими низомиёни бритониёӣ дар ҷанги Яман тавассути вазири умури хориҷаи Бритониё, бахши дигаре аз мушорикати муҷримонаи Лондон дар идома ҳамалоти режими Саудӣ ва ширикҳояш алайҳи мардуми бепаноҳи Яманро ба намоиш гузоштааст. Бритониё, ки бо идомаи ҷанги Яман, нифоқ ва дӯруияш беш аз пеш намоён мешавад, аз яксӯ таслиҳоти ва нерӯ ба Арабистон мефиристад ва аз сӯи дигар бар роҳҳои сиёсӣ ҷиҳати ҳалли буҳрон таъкид мекунад.

 

Барчасп