Июн 02, 2018 16:46 Asia/Dushanbe
  • Сафбандии аъзои Шӯрои амният дар баробари ветои амрикоӣ

Пешнависи қатъномаи пешниҳодии Амрико дар ҳимоят аз режими саҳюнистӣ ва дар маҳкумияти гурӯҳҳои муқовимати Фаластин дар Шӯрои амнияти Созмони милал рад шуд.

Се кишвари Кувайт, Русия ва Боливия ба пешнависи қатъномаи Амрико, ки шиллики мушак аз сӯи гурӯҳҳои фаластинӣ дар Ғазза ба сӯи Исроилро маҳкум мекард, раъйи мухолиф ва 11 кишвар ба он раъйи мумтанеъ доданд ва танҳо Амрико бо як раъйи мувофиқ аз он ҳимоят кард.

Дар ниҳоят пешнависи ин қатъномаи амрикоӣ дар ҳимоят аз режими саҳюнистӣ раъй наовард.  

Радди ин қатънома пас аз он сурат гирифт, ки қатъномаи пешниҳодии Кувайт дар ҳимоят аз миллати Фаластин дар Нишасти ҷумъаи Шӯрои амният бо ветои Амрико рӯ ба рӯ шуд.