Июн 03, 2018 16:34 Asia/Dushanbe
  • Уламои Пешовари Покистон шахсияти имом Хумайнӣ (р)-ро сутуданд

Уламо ва руасои аҳзоби мазҳабии шаҳри Пешовари Покистон бо ҳузур дар маросими солгарди реҳлати имом Хумайнӣ (р) афкор ва ҷанбаҳои шахсиятии бунёнгузори ҷумҳурии исломии Эронро сутуданд.

Дар ин ҳамоиш дар шаҳри Пешовар суханронон таъкид карданд, иззат ва сарбаландии имрӯзи мусулмонон марҳуни имом Хумайнӣ (р) аст.  

Муовини Ҳизби ҷамъияти уламои исломи Покистон дар ин ҳамоиш аз имом Хумайнӣ (р) ба унвони ориф ва муҷоҳиди настуаҳ ёд кард ва гуфт, он ҳазрат - инқилоби исломии Эронро бо ҳимояти мардум ва дар замоне ба пирӯзӣ расонд, ки ҷаҳони ислом дар тафриқа буд.