Июн 05, 2018 17:11 Asia/Dushanbe
  • Гугел ва Фейсбук таҳти таъқиби қазоии иёлоти Вашингтон

Додситони иёлоти Вашингтон эълом кард, ширкатҳои Гугел ва Фейсбукро таҳти таъқиби қазоӣ қарор медиҳад.  

Додситони иёлоти Вашингтон дар баёнияе иллати ин иқдомро нақзи қонуни маҳаллӣ дар бораи таблиғоти сиёсӣ аз сӯи Гугел ва Фейсбук эълом кард.

Боб Фергусес афзуд, қонун ба ниҳодҳое, ки фазоҳои таблиғотиро барои паёмҳои сиёсӣ мефурӯшанд, монанди ду ғули фанноварии Гугел ва Фейсбук муқаррар мекунад, иттилооти марбут ба касоне, ки ин фазоҳоро харидорӣ мекунанд, ҳифз кунанд ва онҳо набояд ин иттилоотро дар дастраси умум қарор диҳанд.