Июн 07, 2018 15:44 Asia/Dushanbe
  • Эъломи оташбаси якҷонбаи давлати Афғонистон

Раисиҷумҳури Афғонистон аз 27-уми моҳи мубораки Рамазон ( 12июн) то панҷрӯз пас аз Иди Фитр, оташбас яктарафа эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ зӯҳри имрӯз (панҷшанбе) дар паёми телевизионӣ эълом кард, давлати Афғонистон тасмими оташбаси яктарафаро бар асоси фатвои Шӯрои уламои шиа ва суннии Афғонистон гирифтааст.

Ашраф Ғанӣ аз ҳамаи нируҳои амниятии Афғонистон хост, дар ин муддат амалиёт алайҳи мавозеи гурӯҳҳои мухолиф, аз ҷумла Толибонро мутаваққиф кунанд.

Раисиҷумҳури Афғонистон хотирнишон кард, ДИИШ, Алқоида ва дигар гурӯҳҳои террористии хориҷӣ шомили оташбаси давлати Афғонистон нестанд ва амалиёти саркӯби ин гурӯҳҳо идома меёбад.

Шӯрои уламои Афғонистон дар нишасти ахири худ дар Кобул аз тарафҳои даргир дар ин кишвар оташбас, поёни ҷанг ва хушунатро хостор шуданд.