Июн 07, 2018 18:23 Asia/Dushanbe
  • 20 кушта дар ҳамлаи Толибон ба вилояти Ғазнии Афғонистон

Даргирии Толибон бо нируҳои пулис дар панҷ шаҳристони вилояти Ғазнӣ, шарқи Афғонистон 20 кушта барҷой гузошт.

Дафтари матбуоти фармондеҳии пулиси вилояти Ғазнӣ бо интишори баёнияе эълом кард, нируҳои Толибон субҳи имрӯз (панҷшанбе) ба посгоҳҳои пулис дар шаҳристонҳои Гилон, Мақар, Андар, Қарабоғ ва Хоҷа Умарӣ ҳамла карданд, ки бо муқовамати нируҳои амниятии афғон водор ба ақибнишинӣ шуданд.

Дар ин ҳамалот 19 узви Толибон ва як пулис кушта ва шаш толиб ва ду нируи пулис низ захмӣ шуданд.

Ҳамчунин аъзои Толибон бо мунфаҷир кардани се пул дар масири шаҳристони Андари вилояти ЃҒазнӣ, ин роҳро ба рӯйи мардум бастанд.