Путин: Иҷоза намедиҳем Амрико пулиси ҷаҳон шавад
(last modified 2018-06-07T14:26:23+00:00 )
Июн 07, 2018 19:26 Asia/Dushanbe
  • Путин: Иҷоза намедиҳем Амрико пулиси ҷаҳон шавад

Раисиҷумҳури Русия иқдомоти якҷонибаи раисиҷумҳури Амрикоро, омили аслии афзоиши таниш дар ҷаҳон донист.

Ба Спутник, Владимир Путин рӯзи панҷшанбе дар ҷаласаи пурсишу посухи солона, зимни ҳушдор дар бораи иқдомоти якҷонибаи Амрико дар ҷаҳон, гуфт, Маскав иҷоза намедиҳад, Амрико пулиси иқтисодии ҷаҳон шавад.

Путин афзуд, фишорҳо алайҳи ширкатҳои русӣ, эътимод ба сиёсатҳои иқтисодии кишварҳои ғарбиро зери савол мебарад.

Раисиҷумҳури Русия ҳамчунин дар бораи парвандаи масмум шудани Сергей Скрипал, ҷосуси пешини рус ва духтараш дар Бритониё гуфт, Маскав хоҳони дастрасии консулӣ ба Юля Скрипал, духтари ин ҷосуси рус аст ва низ мехоҳад дар таҳқиқоти ин парванда, ширкат кунад.

Путин бори дигар таъкид кард, ки Маскав мехоҳад пас аз хурӯҷи Скрипал ва духтараш аз бемористон, ба онҳо дастрасӣ дошта бошад.

Раисиҷумҳури Русия дар посух ба саволе дар бораи иттиҳомоти Амрико ва Аврупо алайҳи Маскав, гуфт, рӯйкарди иттиҳомзании Ғарб алайҳи Русия, иштибоҳ, беасос ва барои ҳамаи тарафҳо зиёновар аст.