Ҳамбастагии мардуми кишварҳои минтақа бо миллати Фаластин дар Рӯзи Қудс
Ҳамзамон бо мардуми Эрон, мусулмонон дар бисёре аз кишварҳои минтақа ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс ва дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин ба хиёбонҳо омаданд ва роҳпаймоӣ карданд.
Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар Кобул пойтахти Афғонистон, ҳамоиши Рӯзи ҷаҳонии Қудс ва ухуввати исломӣ имрӯз бо ҳузури садҳо нафар аз уламо, фарҳангиён, шахсиятҳои сиёсӣ, ҷиҳодӣ ва шаҳрвандони ин кишвар баргузор шуд.
Дар ин ҳамоиши суханронон ва ширкаткунандагон бар ҳимояти уммати исломӣ ба вижа мардуми Афғонистон аз миллати мазлуми Фаластин таъкид карданд.
Мавлавӣ Ҳабибуллоҳи Ҳисом раиси шӯрои ухуввати исломии Афғонистон дар ин маросим гуфт: Бетаваҷҷуҳии мусулмонон ба Қудс ва миллати мазлуми Фаластин ба маънои ҳамдастӣ бо режими саҳюнистӣ ва истикбори ҷаҳонӣ аст.
Ширкаткунандагон дар ин ҳамоиш ҳамчунин бо судури қатъномае интиқоли сафорати Амрико ба Байтулмуқаддасро маҳкум карда ва онро ҷиноят зидди уммати исломӣ донистанд.
Ҳазорон тан аз мардуми Ироқ низ дар шаҳрҳои мухталиф ин кишвар аз ҷумла Бағдод, Басра ва Наҷаф имрӯз ҷумъа дар ҳоле, ки парчамҳои Ироқ ва Фаластинро дар даст доштанд, дар роҳпаймоии Рӯзи Қудс ҳузур ёфтанд ва иқдомоти саркӯбгарона ва мутаҷовизонаи режими саҳюнистӣ дар Фаластинро маҳкум карданд.
Дар Димишқ пойтахти Сурия низ мардум дар роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳони Қудс, парчамҳои Сурия ва Фаластин дар даст, иқдомоти саркӯбгарона ва мутаҷовизонаи режими саҳюнистиро дар Фаластин маҳкум карданд.
Мардуми Яман низ имрӯз ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар устонҳои Санъо, Ҳудайда ва Саъда баъд аз намози ҷумъа роҳпаймоӣ баргузор карданд.
Ҳамчунин дар маросими рӯзи Қудс дар Ҳайдарободи Ҳинд, ки бо ҳузури ҷамъе аз уламои аҳли суннат ва шиа баргузор шуд, суханронон дар бораи масъалаи Фаластин дар ҷаҳони ислом суханронӣ карданд ва ҳимояти ҳамаи мусулмонон ва озодихоҳони ҷаҳон аз мардуми мазлуми Фаластин ва муқобила бо ишғолгарии режими саҳюнистиро зарурӣ донистанд.
Ҳамзамон бо Рӯзи ҷаҳонии Қудс садҳо нафар аз мусулмонон ҷумҳурии Озарбойҷон дар эътироз ба ҷиноёт ва ишғолгарии режими саҳюнистӣ муқобили сафорати ин режим дар Боку таҷаммӯъ карданд ва шиори “Марг бар Исроил” сар доданд, ки билофосила бисёре аз онҳо боздошт шуданд.
Равшан Аҳмадалӣ раиси ҷунбиши муқовамати исломӣ дар роҳи Қарабоғ ҳам байни боздоштшудагон аст.
Шаби гузашта низ дар Боку дар маросими ифтори Илҳом Алиев раиси ҷумҳурии Озарбойҷон, шайхулислом Аллоҳшукур Пошозода раиси идораи мусулмонони Қафқоз гуфт: Давлати Боку аз Қудси Шариф дар муқобили ишғолгарии режими саҳюнистӣ ҳимоят мекунад.