Эрдуғон: Санадҳои муртабит ба фаъолиятҳои Гуленро ба Амрико ирсол мекунем
(last modified 2016-09-04T08:31:30+00:00 )
Сентябр 04, 2016 13:31 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон: Санадҳои муртабит ба фаъолиятҳои Гуленро ба Амрико ирсол мекунем

Раисҷумҳури Туркия гуфт, санадҳои муртабит ба фаъолиятҳои Фатҳуллоҳ Гуленро ба Амрико ироа мекунанд.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии телевизиони TRT, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия имрӯз, пас аз дидор бо Барак Обама, раисҷумҳури Амрико дар конфронси хабарии муштараке дар Ҳончжоу дар бораи истирдоди Фатҳуллоҳ Гулен гуфт, парвандаҳои муртабит ба фаъолиятҳои Фатҳуллоҳ Гулен, ки пеш аз табаддулоти 15 июл таҳия шуда, ба Амрико ирсол шудааст ва парвандҳҳое, ки пас аз 15 июл таҳияи онҳо оғоз шудааст, ба ҳайати амрикоие, ки ба Туркия сафар кардааст, таҳвил дода хоҳад шуд. Ӯ афзуд, "амрикоиҳо низ ба фаъолиятҳояшон идома медиҳанд. Ҳайати Вазорати адлияи Амрико дар Туркия ба сар мебарад. Ҳайате аз Вазорати адлияи мо низ ба Амрико фиристода хоҳад шуд".

Эрдуғон гуфт, вазирони адлия ва умури дохилии Туркия низ ба Амрико хоҳанд рафт ва иқдомоти муштараке дар Амрико сурат хоҳад гирифт.