Путин: БАРҶОМ бекаму кост иҷро шавад
(last modified 2018-06-10T11:12:19+00:00 )
Июн 10, 2018 16:12 Asia/Dushanbe
  • Путин: БАРҶОМ бекаму кост иҷро шавад

Раисҷумҳури Русия гуфт, кишвараш хоҳони он аст, ки тавофуқи ҳастаӣ бидуни ҳеҷ инҳироф ва боло ва поине иҷро шавад.

Владимир Путин дар Нишасти сарони Созмони ҳамкории Шанҳай дар Чойнадауи Чин гуфт: Мо тамоми тааҳҳудоти худамонро дар мавриди тавофуқи ҳастаӣ иҷро хоҳем кард ва аз кишварҳои дигар низ мехоҳем, ба тааҳҳудоти худ пойбанд бошанд.

Путин гуфт: Хориҷ шудани Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ омили бесуботӣ дар ҷаҳон аст.