Дидори Путин ва Эрдуғон дар ҳошияи иҷлоси Гурӯҳи - 20
Раисони ҷумҳурии Русия ва Туркия дар ҳошияи нишасти Гурӯҳи - 20 дар Чин бо якдигар дидор ва гуфтугӯ карданд.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар ҳошияи нишасти Гурӯҳи- 20 дар Чин дидор ва дар бораи буҳрони Сурия ва ҳамкориҳои иқтисодӣ бо якдигар гуфтугӯ карданд.
Путин дар ин дидор гуфт: "Мо аз бозгашти ҳолати сиёсии оддӣ ба Туркия истиқбол карда ва сахтии марҳилае, ки Анкара дар он ба сар мебарад ва ҳамчунин талоши ин кишвар дар мубориза бо терроризм ва таҳдидотро дарк мекунем".
Раиси ҷумҳурии Русия афзуд, пас аз оддисозии равобит бо Туркия, ба сурати густурдае дар дигар заминаҳо ба пеш меравем.
Эрдуғон низ дар ин нишаст гуфт, ки бо Путин мавзӯотеро, ки дар нишасти шаҳри Санк-Петербург матраҳ кардем, думбол хоҳем кард.
Раиси ҷумҳурии Туркия изофа кард: "Муътақидем, гомҳое, ки дар заминаи энержӣ рӯйи даст гирифтаем, бо қудрат ба пеш хоҳад рафт".
Иҷлоси Гурӯҳи-20 ба муддати ду рӯз дар шаҳри Ҳончжоу, дар шарқи Чин аз имрӯз (якшанбе) оғоз мешавад.