Июн 12, 2018 14:40 Asia/Dushanbe
  • Ҳомид Карзай дар фикри бозгашт ба қудрат

Ҳомид Карзай, раисҷумҳури собиқи Афғонистон аз эҳтимоли пешниҳоди номзадии худ барои интихоботи раёсатҷумҳурии соли ояндаи ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Ово”, Ҳомид Карзай дар мусоҳиба бо маҷаллаи олмонии “Шпигел” эҳтимоли номзад буданашро дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2019 дар Афғонистон рад накард. Пеш аз ин Карзай гуфта буд, тасмим надорад, дар интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон ширкат кунад.

Ҳомид Карзай ба муддати 13 сол дар Афғонистон ҳукумат кард ва пас аз нишасти аввали Бонн ба муддати шаш моҳ раиси давлати муваққат таъйин шуд. Пас аз поёни давраи муваққат дар соли 2002 Луи Ҷиргаи изтирорӣ дар Кобул доир шуд ва ин ҷирга Карзайро ба муддати ду соли дигар ба унвони раиси давлати интиқолӣ таъйин кард. Ҳомид Карзай дар солҳои 2004 ва 2009 пирӯзи интихобот эълом шуд ва ду давр ба унвони раисҷумҳури мунтахаби мардум хидмат кард.