Тасмими Малайзия ба бозгушоии сафорати худ дар Кореяи Шимолӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i35522-Тасмими_Малайзия_ба_бозгушоии_сафорати_худ_дар_Кореяи_Шимолӣ
Нахуствазири Малайзия аз тасмими ин кишвар барои бозгушоии сафорати худ дар Кореяи Шимолӣ хабар дод.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 12, 2018 16:53 Asia/Dushanbe
  • Тасмими Малайзия ба бозгушоии сафорати худ дар Кореяи Шимолӣ

Нахуствазири Малайзия аз тасмими ин кишвар барои бозгушоии сафорати худ дар Кореяи Шимолӣ хабар дод.  

Маҳатҳир бен Муҳхамад бо ишора ба дидори раҳбарони Амрико ва Кореяи Шимолӣ дар Сингапур гуфт: Малайзия равобити худро бо Пхенян аз сар хоҳад гирифт.

Нахуствазири Малайзия таъкид кард, ҷомеаи байналмилал бояд арзиши иқдоми Кореяи Шимолиро дар ҷиҳати дастёбӣ ба сулҳи пойдор бидонад ва ин кишварро барои мушорикат дар музокироти байналмилалӣ ташвиқ кунад, то Пхенян мавозеи сахтгиронаи қаблии худро мутаодил кунад.