Сахттар шудани раванди тақозои паноҳандагӣ дар Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i35524-Сахттар_шудани_раванди_тақозои_паноҳандагӣ_дар_Амрико
Вазири додгустарии Амрико аз сахттар шудани раванди тақозои паноҳандагӣ дар ин кишвар хабар дод.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 12, 2018 13:46 Asia/Dushanbe
  • Сахттар шудани раванди тақозои паноҳандагӣ дар Амрико

Вазири додгустарии Амрико аз сахттар шудани раванди тақозои паноҳандагӣ дар ин кишвар хабар дод.  

Ҷеф Сешенз, вазири додгустарии Амрико эълом кард, ин кишвар ба зудӣ раванди тақозои паноҳандагиро сахт мекунад, то мавҷи вуруди муҳоҷирон аз Амрикои марказӣ ба Иёлоти Муттаҳида маҳдуд шавад.

Бино бар эъломи вазири додгустарии Амрико, иддаоҳои қурбонии хушунати хонагӣ ва бондҳои ҷиноӣ будан барои дархости паноҳандагӣ дар постҳои марзӣ дигар кофӣ нестанд.