Интишори ҷузъиёте аз санади имзошудаи байни Трамп ва Ким
Дар тавофуқномаи имзошудаи байни раисҷумҳури Амрико ва раҳбари Кореяи Шимолӣ, Амрико ба ироаи “тазминҳои амниятӣ” ба Кореяи Шимолӣ мутааҳҳид шуд.
Доналд Трамп ва Ким Ҷонг Ун сешанбе дар дидор бо якдигар дар Сингапур, тавофуқномаи ҳамкорӣ имзо карданд, ки бар асоси он ду кишвар мутааҳҳид шудаанд, робитаи ҷадиде мутобиқ бо хостаи мардуми ду кишвар барои сулҳ ва рифоҳ эҷод кунанд.
Дар ин тавофуқнома, мақомоти Амрико ва Кореяи Шимолӣ бо якдигар тавофуқ карданд, барои эҷоди режими пойдори сулҳ дар шибҳҷазираи Корея талош кунанд.
Кореяи Шимолӣ мутааҳҳид шуд, то бар асоси баёнияи 27 апрели 2018 дар ҷиҳати халъи силоҳи атомии шибҳҷазираи Корея иқдом кунад.
Ин тавофуқнома дар ҳоле имзо шуд, ки дар як соли гузашта Амрико бо тасмими Трамп аз тавофуқоти байналмилалӣ ба сурати якҷониба ва бар хилофи назари созмонҳои байналмилалӣ хориҷ шуда, ки намунаи боризи он хуруҷи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ аст.