Такрори ҳамла ба масҷидҳо дар Африқои Ҷанубӣ
Пулиси Африқои Ҷанубӣ аз кушта шудани ду нафар бар асари ҳамла ба масҷиде дар ҷануби ғарби ин кишвар, хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса, пулиси ин кишвар эълом кард, фарди мусаллаҳ ба чоқу (корд) илова бар ин чанд нафари дигарро захмӣ кард ва худаш ҳам ба дасти пулис кушта шуд.
Ҳанӯз ҳеҷ гузорише дар бораи ангезаҳои эҳтимолии фарди муҳоҷим мунташир нашудааст.
Масҷиди маҳалли ҳодиса дар шаҳри Малмсбери наздики Кейптауном, ҷануби ғарби ин кишвар, воқеъ аст.
Ин ҳамла дар шароите рӯй медиҳад, ки ҳудуди як моҳ қабл ҳам ҳамлаи мушобеҳе дар масҷиде мутааллиқ ба шиаён дар шимоли шарқи Африқои Ҷанубӣ рӯй дод.
Се фарди ношиноси мусаллаҳ ба чоқу бо ҳамла ба ин масҷид, сари як нафарро буриданд ва ду нафари дигарро аз ҷумла имоми ҷамоати масҷид захмӣ карданд ва масҷидро ба оташ кашиданд.
Омилони ин ҳамла, ҳамчунон мутаворӣ ҳастанд ва ангезаи онҳо ҳанӯз мушаххас нашуда; Аммо полис эълом кардааст, нишонаҳое аз ифротгароӣ дар он вуҷуд дорад.