Июн 14, 2018 16:55 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як саҳюнист ба иттиҳоми кумак ба ДИИШ дар Амрико

Як саҳюнисти муқими Амрико ба иттиҳоми омӯзиши фаъолон ва ҳаводорони гурӯҳи террористии ДИИШ, боздошт шуд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Waheba Issa Dais рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Кудоҳи наздики Милуоки боздошт шуд.

Мақомоти амрикоӣ эълом карданд, Dais ба омӯзиши фаъолони билқуваи гурӯҳи террористии ДИИШ барои таҳияи сам(заҳр)-и бисёр қавӣ ва дар ихтиёр доштан асноде дар бораи сохти бомб ва ҷилиқа(камарбанд)-ҳои инфиҷорӣ муттаҳам аст.

Бар асоси кайфархости содир шуда, Dais аз соли 1992 дар Амрико иқомат дорад ва барои таблиғи ДИИШ ва тасҳили истихдоми неру барои он, сафаҳоти мутааддиде дар шабакаҳои иҷтимоӣ доштааст.

Тибқи ин кайфархост, Dais ҳамчунин китобхонаи маҷозӣ дар ихтиёр дошт, ки ҳовии дастуруламалҳое дар бораи наҳваи сохти бомбаҳо, силоҳҳои микробӣ, самҳо ва ҷалиқаҳои инфиҷорӣ буд ва аз он дар омӯзиш ва омодасозии фаъолони ва ҳаводорони ДИИШбарои иҷрои амалиёти террористӣ истифода мекард.

 

Барчасп