Нигаронии Исроил аз муборизаи Эрон бо терроризм дар Сурия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i35802-Нигаронии_Исроил_аз_муборизаи_Эрон_бо_терроризм_дар_Сурия
Мақомоти Амрико ва режими саҳюнистӣ ҳамвора аз ҳузури Эрон дар Сурия ба унвони як таҳдид ном мебаранд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 18, 2018 10:20 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Исроил аз муборизаи Эрон бо терроризм дар Сурия

Мақомоти Амрико ва режими саҳюнистӣ ҳамвора аз ҳузури Эрон дар Сурия ба унвони як таҳдид ном мебаранд.

Ин мавзеи фарофиканона дар воқеъ баҳонае барои идомаи бахше ба сиёсатҳои минтақаии Амрико ва Исроил ва ҳамчунин Арабистон дар чорчӯби стратегияи ҳамкориҳои роҳбурдӣ аст.

Макмастер, мушовири амнияти миллии Трамп дар бораи таҳдиди Эрон барои Исроил мегӯяд: “Он чи ки мо бо он мувоҷеҳем, чашмандози ҳузури артиши ниёбатии Эрон дар марзҳои Исроил аст”.

Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ҳам дар дидори ахираш бо Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса гуфта буд, ки Исроил рӯйкардаш дар Сурияро тағйир дода ва фаъолиятҳои Эрон дар он ҷоро ба унвони “ҳадаф” талаққӣ хоҳад кард.

Дар тозатарин изҳорот дар ин замина, нашрияи саҳюнистии “Ҷерусалим пост” рӯзи якшанбе ба нақл аз Натанёҳу навишт: “Мо барои ҷилавгирӣ аз талошҳо ҷиҳати тақвият (ҳузур)-и низомии Эрон ва нерӯҳои ниёбатии он чӣ наздики марз (Фаластини ишғолӣ) ва чӣ дар дохили Сурия, иқдом хоҳем кард”.

Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ шудааст, ки мақомҳои Димишқ иддаоҳои режими Исроил алайҳи Эронро рад карда ва Эрон ҳам борҳо эълом карда, ба даъвати мақомҳои Сурия дар ҳоли кумаки мусташорӣ барои муқобила бо террористҳо аст.

Шикаст ва нобудии бахши бузурге аз гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа агарчӣ бо талоши нерӯҳои мусаллаҳ ва миллати муборизи Ироқ ва Сурия ва ҳимояти ҳамаҷонибаи Эрон ва Русия дар як ҳамкории мунсаҷим ҳосил шуд, аммо ҳанӯз то нобудии решаҳои ноамнӣ дар минтақа фосила аст.

Нобудии комили терроризм ниёзманди шинохти тамоми унсурҳои муассир дар ин замина аст. Эрон бо дарки дуруст аз шароити ҳассоси кунунӣ, тамаркузи худро бар муҳимтарин чолиши амниятии минтақа, яъне терроризм нигаронидааст.

Ин рӯйкард натоиҷ ва дастовардҳои мусбате барои амнияти байналмилал ва минтақа ба ҳамроҳ дошта бошад. Ҳамин мавзуъ сегонаи шуми Амрико, Исроил ва Арабистонро нигарон кардааст. Зеро онон ба хубӣ дарк мекунанд, ки дар сурати нобудии терроризм ва эҷоди ваҳдат ва пайвастагӣ дар ҷаҳони Ислом, низомҳои сиёсӣ ва амниятии таҳмилшуда аз сӯйи Амрико бар минтақа дар сохтори ҷадид ҷойгоҳе нахоҳад дошт.

Изҳороти Натанёҳу дар воқеъ мисдоқи рафтори гурги захмхӯрдае аст, ки ба ҳар тараф медавад то роҳе барои бақои худ биёбад. Бинобар ин, ба гумони бисёр қавӣ бояд интизор дошт, ки ин шикаст оғози як давраи ҷадид аз душманиҳо ва танишҳои минтақаӣ барои пур кардани халоҳои кунунӣ шавад.

Амири сартип Амир Ҳотамӣ, вазири дифои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суханоне дар ҳафтумин иҷлоси байналмилалии амниятии Маскав, ки моҳи апрел баргузор шуд, гуфт: “Пайгирии сиёсати қудрат ва инҳисорталабӣ ва рӯйкарди манфиатталбона ба амнияти байналмилал, замини ҳосилхезеро барои эҷод ва рушди терроризм фароҳам намудааст”.

Албатта омилҳои зиёдеро метавон дар ташдиди ин фазосозиҳо дахил донист. Бозии эътилофи зидди ДИИШ ба раҳбарии Амрико ва мудирияти ДИИШ ба ҷойи муқобила бо он, ҳимоят аз ҷиноёти Исроил дар Ғазза ва интиқоли сафорати Амрико ба Қудси ишғолӣ ва ба хоку хун кашидани мардуми мазлуми Яман дар ҳамалоти таҷовузкоронаи Арабистон аз омилҳое ҳастанд, ки амнияти минтақаро бо таҳдидҳои фарогир рӯбарӯ сохтааст.

 Ҷумҳурии Исломии Эрон муътақид аст, ки муқобилаи муассир бо таҳдидҳои муштарак ва эҷоди субот ва амнияти пойдор дар минтақа, ниёзманди рӯйи даст гирифтани сиёсати дифоии ҳамкориҷӯёна ва пайгирии назми амниятии осиёии асосёфта бар пайвандҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии даруни минтақаӣ аст.