Июн 19, 2018 11:29 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди шадиди раҳбари демократҳои парлумони Амрико аз

Раҳбари демократҳои Маҷлиси намояндагони Амрико сиёсати раисҷумҳури ин кишвар дар ҷудосозии кӯдакони муҳоҷир аз волидайнашонро «ҷинояти ҳавлнок» хонд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, Нэнси Пелоси (Nancy Pelosi) ҳамчунин гуфт, ин сиёсати давлати Трамп «доғи нанге бар пешонии Амрико» аст. Раҳбари ақаллияти демократи Маҷлиси намояндагони Амрико бо баёни ин ки муҳофизат аз кӯдакон ва хонаводаҳо аз бунёнҳои ахлоқӣ ва стандартҳои умумӣ аст, ибрози умедворӣ кард, Трамп ҳарчи зудтар ин сиёсати ваҳшиёнаро лағв кунад.

Давлати Амрико бо иттихози «сиёсати таҳаммули сифр» дар баробари вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳудуди ду ҳазор кӯдакро ба зӯр аз волидайнашон ҷудо ва дар урдугоҳҳои ҷудогонае дар тӯли марзи Амрико ва Мексика зиндонӣ кардааст. Мақомоти давлати Амрико муддаӣ ҳастанд, ки волидайни ин кӯдакон бо қочоқи онҳо ба дохили ин кишвар муртакиби ҷурм шудаанд ва бояд кӯдаконашон аз онон ҷудо шаванд. Раъд Алҳусейн, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид рӯзи душанбе бо маҳкум кардани ин рафтори давлати Амрико гуфт, амиқан нигарони сиёсате аст, ки тибқи он, кӯдаконро ба хотири рафторҳои волидайнашон танбеҳ мекунад.

Амрико танҳо кишварест, ки Конвенсияи ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакро тасвиб накардааст.

 

Барчасп