Июн 20, 2018 20:01 Asia/Dushanbe
  • Маскав: Амрико риёкор аст

Сухангуи Вазорати хориҷаи Русия дар вокуниш ба хориҷ шудани Амрико аз Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал, Вашингтонро ба риёкорӣ муттаҳам кард.  

Мария Захарова дар вокуниш ба хориҷ шудани Амрико аз Шӯрои ҳуқуқи башар гуфт: Бо хориҷ шудани Вашингтон аз Шӯрои ҳуқуқи башар, Русия умедвор аст, дигар дар ин ниҳод шоҳиди сиёсикорӣ ва стандартҳои дугона набошад.

Захарова афзуд: Бо вуҷуди ин мусаллам аст, ки тавҷеҳҳои Амрико барои хориҷ шудан аз Шӯрои ҳуқуқи башар, ҷуз риёкорӣ наметавонд чизи дигаре бошад.