Июн 20, 2018 20:08 Asia/Dushanbe
  • Хуруҷи Амрико аз Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал ва паёмадҳои он

Амрико аз як ниҳоди байналмилалии дигар хориҷ шуд. Ин бор навбат ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал, аслитарин ниҳодb расидагӣ ба мавзуоти ҳуқуқи башари зери назари бузургтарини созмони ҷаҳонӣ расид, то давлати Амрико аз он хориҷ шавад.  

Никкӣ Ҳейлӣ, намояндаи Амрико дар Созмони милал дар тавҷеҳи чунин бархурде бо Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал муддаӣ шуд, ки сукути ин шӯро дар баробари ончи вай нақзи ҳуқуқи башар дар кишварҳое ҳамчун Эрон ва Венесуэла хонд, Вашингтон тасмим ба хуруҷ аз ин шӯро гирифтааст.

Вай ҳамчунин эълом кард, интиқодоти мукаррари Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал аз нақзи ҳуқуқи башар тавассути режими саҳюнистӣ дар қиболи фаластиниён мабнои дигаре барои иттихози чунин тасмиме будааст.  

Албатта давлати Амрико, солҳои ахир борҳо талош карда буд, ки ҷиҳатгириҳои Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милалро монанди бисёре дигар аз ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ дар ростои манофеи худ қарор диҳад ва аз онон ба унвони абзори сиёсати хориҷӣ дар ҷиҳати ташвеқи муттаҳидон ва танбеҳи душманон истифода намояд.

Ин рӯйкарди хасмона бо олитарин ниҳоди Ҳуқуқи башар, дар ҳоле аз сӯи Вашингтон иттихоз шудааст, ки ҷудосозии иҷбории кӯдакон аз волидайни муҳоҷири ғайриқонунӣ ва боздошти онон дар ҷануби Амрико, тӯфоне аз хашм ва нафрати ҷаҳониро дар пай доштааст.

Зайд Раъд Алҳусайн, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони милал мегӯяд: Аз Амрико мехоҳем, сиёсати номаъқули ҷудо кардани иҷбории кӯдакон аз волидайни муҳоҷиреро, ки аз Мексика вориди Амрико мешаванд, мутаваққиф кунад.

Чандон тааҷҷуббарангез нахоҳад буд, ки аслитарин кишвари ноқизи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон, аз фарогиртарин ниҳоди ҳуқуқи башарии Созмони милал хориҷ шавад.

Бо чунин тасмиме, дасти давлати Амрико дар нақзи густардатари ҳуқуқ башар ва ҳимояти қотеътар аз кишварҳои ноқизи ҳуқуқи башар бозтар хоҳад шуд.