Роҳҳои пешгирӣ аз гароиши коргарони муҳоҷир ба гурӯҳҳои террористӣ
Намояндаи маҷлиси Думаи Русия мӯътақид аст, барои ҷилавгирӣ аз гароиши коргарони муҳоҷири хориҷӣ ва ба вижа ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба гурӯҳҳои террористӣ, бояд бо созмондиҳии вуруди ин афрод, заминаи дифоъ аз ҳуқуқи онон низ фароҳам шавад.
Ба гузориши Спутник, Саргей Железняк гуфтааст, вуруд ва фаъолияти қонунии коргарони муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия, заминаи дур нигаҳ доштани ин афрод аз таъсири таблиғоти гурӯҳҳои террористӣ ва ба вижа ДИИШ-ро фароҳам месозад.
Роҳкори дувум тақвияти ҳамкорӣ бо созмонҳо ва ҷамъиятҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ, узбакистонӣ ва қирғизистонӣ дар Русия аст, ки метавонанд хатарҳои пайвастани ин афрод ба гурӯҳҳои террористӣ ва оқибатҳои ногувори эҷодшударо ба онон гӯшзад кунанд.
Аз дидгоҳи ин намояндаи маҷлиси Думаи Русия, ҳамчунин бояд барои омӯзиши Ислом ва улуми динӣ дар миёни коргарони муҳоҷир аз ин се кишвари Осиёи Марказӣ, барномарезӣ кард, то ин афрод ба доми фиреби мубаллиғони гурӯҳҳои террористӣ наафтанд.
Ба далели ин ки шароити ошноӣ бо Ислом дар бархе аз ин кишварҳо фароҳам нест, дар Русия мубаллиғони гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ аз ин фурсат истифода мебаранд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, теъдоди зиёде аз шаҳрвандони ҷавони ин кишвар, ки барои кор ба Русия рафтаанд, таҳти таъсири таблиғоти гурӯҳи ДИИШ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ба ин гурӯҳ пайваста ва ба Сурия ва Ироқ эъзом шудаанд, ки иддае ҳам ҷони худро аз даст додаанд.