Сентябр 05, 2016 16:02 Asia/Dushanbe
  • Вашингтон: Музокирот бо Русия дар бораи Сурия шикаст хӯрд

Вашингтон аз шикасти музокира бо Русия дар бораи оташбас дар Сурия хабар дод ва масъулияти ин шикастро мутаваҷҷеҳи Маскав кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи Алолам, Вашингтон имрӯз эълом кард, ки музокира бо Русия дар бораи оташбас дар Сурия шикаст хӯрдааст.

Амрико, Русияро масъули ин шикаст дониста ва муддаӣ шудааст, ки Русия аз тааҳҳудоти худ дар қиболи бархе масоил, шона холӣ кардааст.

Барак Обама-раисиҷумҳури Амрико пеш аз ин гуфта буд, ки Вашингтон дар бораи оташбас дар Сурия бо Русия музокира мекунад ва ҳар ду кишвар ба таври 24 соата дар хусуси ин мавзӯъ кор мекунанд.

Аз сӯи дигар вазорати хориҷаи Амрико низ пеш аз ин эълом карда буд, ки чизе ба тавофуқ намондааст, аммо танҳо чанд соат баъд эълом кард, ки музокирот шикаст хӯрдааст.

Ҷон Керрӣ-вазири хориҷаи Амрико ва Лавров ҳамтои русии вай, рӯзи душанбе дар ҳошия конфронси сарони Гурӯҳ 20 дар Чин бо ҳам дидор хоҳанд кард.

 

Барчасп