Зиндонҳои фавқи амниятӣ барои муҳоҷирон дар Амрико
(last modified Tue, 26 Jun 2018 09:40:17 GMT )
Июн 26, 2018 14:40 Asia/Dushanbe
  • Зиндонҳои фавқи амниятӣ барои муҳоҷирон дар Амрико

Шароит барои муҳоҷирони боздоштшудаи қурбони сиёсати “таҳаммули сифр”-и давлати Амрико бадтар шуда ва бархе аз онон ба зиндонҳои фавқи амниятӣ (амниятии вижа) дар ҷануби Калифорния мунтақил шудаанд.

Бинобар таҳқиқоти вакилони Иттиҳодияи озодиҳои шаҳрвандии Амрико, муҳоҷироне, ки ба таври ғайриқонунӣ вориди Амрико шудаанд, дар маконҳое ба сар мебаранд, ки шароити зиндонро дорад, аммо дастрасӣ ба вакил ва имкони тамос бо дунёи хориҷ аз муҳити боздошт вуҷуд надорад.

Ин гузориш дар ҳоле мунташир шудааст, ки иҷрои сиёсати “таҳаммули сифр” дар давлати Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ва дар пайи он дастгир кардани муҳоҷирон ва ҷудо кардани кӯдакони муҳоҷир аз хонаводаҳояшон тайи чанд ҳафтаи гузашта бо интиқоди густурда дар дохил ва хориҷи ин кишвар мувоҷеҳ шудааст.

Ҷудо кардани кӯдакони муҳоҷир ва нигаҳдории онон дар маконҳои номуносиб ва дур аз волидайнашон, ҳамчунин бархурд бо муҳоҷирон ва бархурди хушунатзо алайҳи онон тайи чанд ҳафтаи ахир сабаби бурузи мавҷе аз хашму инзиҷори ҷаҳонӣ аз сиёсатҳои зиддимуҳоҷиратии Трамп шудааст.

Кристоф Булрак, сухангӯи сандуқи кӯдакони милали муттаҳид (ЮНИСЕФ) бо интиқод аз сиёсати давлати Амрико дар бораи ҷудо кардани кӯдакони муҳоҷир аз волидайнашон гуфт: “Ин рӯзҳо шоҳиди як фоҷеаи асафбор дар Амрико ҳастем. Муҳоҷироне, ки дар Амрико ин гуна бо онҳо рафтор мешавад, беш аз ҳар чизе инсон ҳастанд, онҳо ба Амрико паноҳ бурдаанд, зеро ҷуз ин роҳе надоштаанд”.

Агарчӣ Трамп таҳти фишори афкори умумӣ аз тасмими худ ақибнишинӣ кард, аммо эълом кардааст, ки сиёсати “таҳаммули сифр” дар бораи бархурди қазоӣ бо ҳамаи муҳоҷирони ғайриқонунӣ бидуни истисно ҳамчунон побарҷост.

Трамп пас аз дастури иҷрои ахири худ, дар дархосте муғойир бо тамоми қонунҳо ва завобити ҳоким бар мавзӯи муҳоҷират дар Амрико, хостори ихроҷи фаврии муҳоҷирони ғайриқонунӣ бидуни ташкили парвандаи қазоӣ ё баргузории додгоҳ шудааст.

Равина Шамсадани, сухангӯи дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар ин бора гуфт, Вашингтон бояд ҳуқуқи инсонии муҳоҷиронро, ба вижа дар мавориде, ки шомили ҳоли хонаводаҳо ва кӯдакон мешавад, мадди назар қарор диҳад. Набояд муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҷурму ҷиноят талаққӣ ва бо ин афрод ба унвони ҷинояткор бархурд шавад.

Тасмимот ва иқдомоти чанд ҳафтаи гузаштаи Трамп дар қиболи муҳоҷирон, беш аз пеш нишон медиҳад, ки раиси ҷумҳурии Амрико чандон боварӣ ба мафҳуми ҳуқуқи башар ва ё риояти мавозини инсонӣ надорад.

Дар воқеъ бархурдҳои хушунатбор бо муҳоҷирон ва анҷоми иқдомоти танбеҳӣ алайҳи онон, ҷудо кардани кӯдакони муҳоҷир, нигаҳдории муҳоҷирон дар зиндонҳо ва маҳрум кардани онҳо аз ҳуқуқи инсонӣ ва қонунӣ, бори дигар нақзи густурдаи ҳуқуқи башарро дар давлати Амрико ба намоиш гузошт.

Ин иқдомот дар ҳолест, ки Трамп раиси ҷумҳурии кишварест, ки худро муддаӣ ва парчамдори озодӣ ва ҳуқуқи башар дар ҷаҳон вонамуд мекунад.

Ифшои абъоди бархурдҳои ғайриинсонӣ бо муҳоҷирон ва интиқоли онҳо ба зиндонҳои фавқи амниятӣ ва шароити номуносиб дар Амрико, бори дигар нишон медиҳад, ҳифзи озодӣ ва риояти ҳуқуқи башар барои мақомоти ин кишвар танҳо шиор барои иҷрои аҳдофи сиёсӣ ва мудохилаҷӯёнаашон дар ҷаҳон аст ва онон худашон аз бузургтарин поймолкунандагони ҳуқуқи башар ба шумор мераванд.