Наққоши ёздаҳ сола: Бузургтарин ҳунарманди хурдсоли Нигерия (видео)
Июн 28, 2018 13:36 Asia/Dushanbe
Варис Карим, кӯдаки ёздаҳсолаи Нигерия, наққошиҳое офарида, ки таҳсини ҳамагонро барангехта аст.
Ин кӯдаки ҳунарманд, наққоширо аз шашсолагӣ оғоз кард ва дар ҳаштсолагӣ дар наққошӣ, ҳирфаӣ шуд ва ба хурдсолтарин ҳунарманди ҳирфаии Нигерия шӯҳрат ёфт.
Ӯ сабки наққошиҳои худро «hyperrealism» (воқеъгароии ифротӣ) меномад.
Наққошиҳои ӯ илова бар ҷузъиёти бисёр, дорои ҷанбаҳои зебоишинохтӣ ва ҳатто маонии амиқе ҳастанд ва рухдодҳои рӯзмараи атроф ва ҳатто таҷрибаҳои шахсии худи наққошро мунъакис мекунанд.
Варис Карим мегӯяд, дӯст дорад ба ҳунарманди бузурге табдил шавад, ки дар саросари ҷаҳон шинохта шавад ва умедвор аст, осораш дар мӯзеҳои байналмилалӣ намоиш дода шавад.