Июн 29, 2018 15:19 Asia/Dushanbe
  • Эъломи замони муаррифии аъзои ҳайати давлати ҷадиди Туркия

Раҷаб Тайиб Эрдуғон аъзои ҳайати давлати ҷадиди Туркияро пас аз ҳаштуми июли 2018 муаррифӣ мекунад.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии телевизиони TRT Туркия, Иброҳим Колин рӯзи ҷумъа гуфт: Се рӯз пас аз эъломи расмии натоиҷи интихоботи Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон раиси ҷумҳурии баргузида, аъзои ҳайати давлати ҷадиди ин кишварро муаррифӣ хоҳад кард.

Вай афзуд: Шӯрои олии интихоботи Туркия рӯзи 5 июли 2018 натоиҷи ниҳоии интихоботи 24 июнро пас аз поёни раванди баррасии эътирозот эълом хоҳад кард ва намояндагони мунтахаб пас аз адои маросими савганд дар ҳаштуми июли 2018 кори худро оғоз хоҳанд кард.

Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва парлумонии Туркия ба таври ҳамзамон дар 24 июни 2018 баргузор шуд.

 

Барчасп