Июн 30, 2018 12:12 Asia/Dushanbe
  • Могерини: Иттиҳоди Аврупо ба бастаи ҳимоятӣ аз Эрон раъй дод

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, ин иттиҳодия бо 28 раъйи мусбат, бастаи ҳимоятӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эронро дар чорчӯби БарҶом тасвиб кардааст.

Федерико Могерини рӯзи ҷумъа дар поёни нишасти дурӯзаи сарони Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел эълом кард, тайи ду рӯзи оянда муҳтавои бастаи ҳимоятӣ таслими масъулони Ҷумҳурии Исломии Эрон мешавад.

Вай афзуд, Булғористон танҳо мухолифи ироаи бастаи пешниҳодӣ ба Эрон буд, ки дар ниҳоят ба ин баста раъйи мусбат дод.

Фаронса, Англия ва Олмон ба унвони се кишвари аврупоии тарафи БарҶом, омодакунандагони бастаи ҳимоятӣ барои Эрон ҳастанд.

Гуфта мешавад, бар асоси тавофуқи сарони Иттиҳоди Аврупо, Бонки сармоягузории Аврупо мулзам ба ҳимоят аз Ҷумҳурии Исломии Эрон шудааст.

Пеш аз ин муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон гуфта буд, бастаи пешниҳодии Иттиҳоди Аврупо барои тазмини манофеи Эрон дар БарҶом, эҳтимолан то поёни июн ироа шавад.

Аббоси Ироқчӣ хотирнишон кард, мондани Эрон дар Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БарҶом) ба иқдомоти кишварҳои аврупоӣ, Русия ва Чин бастагӣ дорад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таваҷҷуҳ ба собиқаи манфии аврупоиҳо дар бадаҳдӣ, чорчӯби БарҶоми аврупоиро бо эъломи чанд шарт мушаххас карданд.

Матраҳ накардани “Барномаи мушакӣ” ва “ҳузури муассири минтақаии Эрон”, “хариди нафти мавриди ниёзи Эрон”, “иртиботи Бонки Аврупо бо Эрон” ва “мухолифати ошкор бо таҳримҳои Амрико” аз ҷумлаи шартҳои идомаи БарҶоми аврупоӣ аст.

Пас аз иқдоми раиси ҷумҳурии Амрико дар хуруҷ аз БарҶом (ҳаштуми майи соли 2018) ва дархости кишварҳои аврупоӣ барои ҳифзи ин тавофуқ, Эрон фурсати маҳдуде ба аврупоиҳо дод то тазмини амалӣ диҳанд, ки манофеи барҷомии Эрон ҳангоми бозгашти таҳримҳои Амрико таъмин шавад.