Сентябр 05, 2016 19:52 Asia/Dushanbe
  • Дифои Путин аз Асад дар нишасти сарони БРИКС

Владимир Путин гуфт, "авзои Сурия хатаре барои марзҳои ҷанубии Русия ба шумор меравад, ба ҳамин иллат ба дархости кӯмаки раисҷумҳури қонунии он кишвар дар мубориза бо созмонҳои террористӣ посухи мусбат додем".

Ба гузориши "ал-Олам", раисҷумҳури Русия дар нишасти ғайрирасмии сарони БРИКС (гурӯҳи иқтисодие муташаккил аз кишварҳои Бразилия, Русия, Ҳинд, Чин ва Африқои Ҷанубӣ), ки дар ҳошияи иҷлоси "Гурӯҳи 20" дар Чин баргузор шуд, хотирнишон кард, хатароти даргириҳои эҳтимолӣ байни кишварҳо дар ҳоли афзоиш аст. Ӯ бо ишора ба ин ки бесуботӣ дар Ховари Миёна минтақаро ба пойгоҳе барои террористҳо табдил кардааст, афзуд, густариши нуфузи ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ба чолиши ҷиддӣ барои амният, аз ҷумла кишварҳои гурӯҳи БРИКС ва Русия табдил шудааст.

Раисҷумҳури Русия хотирнишон кард, "вазъ дар Сурия хатаре барои марзҳои ҷанубии Русия ба шумор меравад, ба ҳамин иллат ба дархости раисҷумҳури қонунӣ бори дигар мехоҳам ишора кунам, раисҷумҳури қонунии он кишвар барои кӯмак ба ӯ дар мубориза бо созмонҳои террористӣ посухи мусбат додем". Путин изҳор дошт, ҳамалоти нерӯҳои ҳавоии Русия дар зарба задан ба пойгоҳҳои террористҳо ва ҳифзи Сурия кӯмак кардааст.

Раисҷумҳури Русия дар ин нишасти ғайрирасмӣ ба масоили дигар низ пардохт ва аз он чӣ, ки «коҳиши эътибори Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ ва ташкили иттиҳодияҳои минтақаӣ баста ба ҷойи он хонд, ибрози нигаронӣ кард». Ӯ гуфт, авзои Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ бисёр нигаронкунандааст. Ин созмон эътибори худро ба иллати рукуд дар музокироти Доҳа аз даст медиҳад, ки дар натиҷа, наметавонд танҳо арсаи гуфтугӯи фарогир барои таъйини қавонини тиҷорати ҷаҳонӣ бошад.

 

Барчасп