Поёни "гурӯҳи марг" бо ҳазфи Испания дар зиёфати пиналтӣ
Тими сахтуши Русия дар зиёфати пиналтӣ, тими миллии Испанияро шикаст дод, то тамоми тимҳои гурӯҳи дувум (Испания, Португалия, Марокаш ва Эрон) мавсум ба «гурӯҳи марг» бо Ҷоми ҷаҳонии 2018-и Русия видоъ кунанд.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, дидори тимҳои миллии Испания ва Русия якшанбе шаб дар варзишгоҳи “Лужники”-и шаҳри Маскави оғоз шуд ва дар поёни вақтҳои қонунӣ ва изофаи ин дидор бо натиҷа тасовии як бар як тамоми шуд, то дар поёни зарботи пиналӣ, тими суудкунандаи ин марҳаларо мушаххас кунад.
Дар зарботи пиналтӣ тими миллии Русия бо натиҷа 4 бар 3 ва дар маҷмӯъ бо натиҷаи 5 бар 4 тими миллии Испанияро шикаст дод ва роҳии марҳалаи баъдии ин рақобатҳо шуд.
Ин дар ҳоле аст, ки Русия пиналтии панҷуми худро назад, чаро, ки дар натиҷаи ниҳоӣ бетаъсир буд.
Русия дар марҳалаи як чаҳоруми ниҳоӣ бо барандаи дидори тимҳои Дания ва Хорватия дидор хоҳад кард.