Фаршҳои эронӣ зинатбахши масҷидҳои Алҷазоир
(last modified Wed, 04 Jul 2018 06:23:06 GMT )
Июл 04, 2018 11:23 Asia/Dushanbe
  • Фаршҳои эронӣ зинатбахши масҷидҳои Алҷазоир

Як тоҷири алҷазоирӣ Масҷиди Аъзами ин кишварро, ки севумин масҷиди бузурги ҷаҳон ба шумор меравад, бо фаршҳои эронӣ музайян мекунад.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Салим Баша бо ишора ба ин ки 12 ҳазор метр фарши эронӣ барои Масҷиди Аъзами Алҷазира - пойтахти Алҷазоир харидорӣ кардааст, гуфт, ин масҷид як тарҳи фарҳангӣ ва умронии азим аст, ки бояд бо осори ҳунарии фохир тазйин ва фаршпӯш шавад.

Ин тоҷири алҷазоирӣ фаршҳои эрониро дар дунё беназир хонд ва гуфт, ҳеҷ кас дар ҷаҳон наметавонад фаршро ба зебоии эрониҳо бибофад.

Баша афзуд, фаршҳои эронӣ пас аз поён ёфтани мароҳили сохтусоз, ба маҳалли масҷид мунтақил мешаванд.

Баша гуфт, ин фаршҳоро ба қимати шаш миллион евро аз шаҳрҳои Ноин ва Кошон дар маркази Эрон харидааст.

Гуфта мешавад, ин тоҷири алҷазоирӣ аз афроди мавриди эътимоди ин кишвар аст, ки фаршҳоро ба унвони ҳадя барои ин масҷид харидорӣ кардааст.