Вокуниши сафорати Эрон дар Кобул ба иддаои омӯзиши Толибон дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i36395-Вокуниши_сафорати_Эрон_дар_Кобул_ба_иддаои_омӯзиши_Толибон_дар_Эрон
Сафорати Эрон дар Афғонистон, иддаои бархе аз расонаҳои ғарбӣ дар бораи омӯзиши афроди Толибон дар Эронро беасос хонд ва онро такзиб кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 04, 2018 18:35 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши сафорати Эрон дар Кобул ба иддаои омӯзиши Толибон дар Эрон

Сафорати Эрон дар Афғонистон, иддаои бархе аз расонаҳои ғарбӣ дар бораи омӯзиши афроди Толибон дар Эронро беасос хонд ва онро такзиб кард.

Сафорат бо интишори иттилоияе эълом кард, тарҳи иттиҳомот аз сӯи бархе расонаҳои ғарбӣ мабнӣ бар ироаи омӯзишҳои низомӣ тавассути Эрон ба нерӯҳои Толибонро ба шиддат такзиб мекунад.  

Дар иттилоия омадааст: Терроризм ва ифротгароӣ таҳдиде муштарак барои ҳамаи кишварҳои минтақа буда ва талош ва ҳамкории ҷамъӣ барои муқобила бо чунин таҳдиде як зарурати иҷтинобнопазир аст.  

Сафорати Эрон дар Афғонистон тасреҳ кард: Теҳрон монанди гузашта аз тааҳҳуди худ барои кумак ба тақвияти сулҳ ва истиқрори субот дар кишвари дӯст ва ҳамсояи Афғонистон ҳимоят мекунад.