Зани муътариз ба сиёсатҳои муҳоҷиратии Трамп болои муҷассамаи “Озодӣ” баромад
Як зани амрикоӣ дар эътироз ба сиёсатҳои раисҷумҳури Амрико алайҳи муҳоҷирон ва ҷудо кардани кӯдакони муҳоҷир аз волидайнашон болои муҷассамаи “Озодӣ” баромад.
Ба гузориши шабакаи CNN, филмҳои мунташиршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, пулиси Амрико муҷаҳҳаз ба таноб ва таҷҳизоти куҳнавардӣ тавонист ин зани муътариз ба сиёсатҳои муҳоҷиратии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро дастгир кунад.
Як манбаъ дар идораи пулиси Ню-Йорк гуфт, ин зан яке аз аъзои гурӯҳҳои муътариз аст, ки рӯзи чаҳоршанбе, дар Рӯзи истиқлоли Амрико дар эътироз ба сиёсатҳои муҳоҷирситезонаи Трамп тазоҳурот карданд. Аъзои ин гурӯҳҳо гуфтаанд, то замоне ки тамоми кӯдакони муҳоҷир озод нашаванд, аз иқдомоти эътирозӣ даст нахоҳанд кашид.
CNN гузориш дод, ин зан яке аз аъзои гурӯҳи "Қиём ва муқовимат"(Rise and Resist) аст, ки барои эътироз ба сиёсатҳои Трамп ташкил шудааст. Соате қабл аз дастгир шудани ин зан гурӯҳе аз муътаризон дар канори муҷассамаи “Озодӣ” таҷаммӯъ карда буданд, ки дастикам ҳафт нафарашон дастгир ва муҳавватаи муҷассамаи “Озодӣ” низ баста шуд.
Раисҷумҳури Амрико бетаваҷҷуҳ ба ин эътирозҳо рӯзи сешанбе дар идомаи сиёсатҳои зиддимуҳоҷиратии худ бар лузуми вазъи қавонини сахтгиронатар алайҳи муҳоҷирон таъкид кард.