Бархӯрди мошин ба як пиёдагард дар Сочи
Бархӯрди як мошин ба як пиёдагард дар шаҳри Сочи, яке аз шаҳрҳое, ки мусобиқоти футболи Ҷоми Ҷаҳонии 2018 дар он баргузор мешавад, дастикам як кушта бар ҷо гузошт.
Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, пулиси маҳаллии Русия эълом кард, иллати ин ҳодиса, ки рӯзи чаҳоршанбе, соати 14 (ба вақт маҳаллӣ) рӯй дод, эҳтимолан хоболудагии ронанда будааст. Бар асари ин ҳодиса як марди 63-сола ҷони худро аз даст дод. Таҳқиқоти пулис дар бораи ин иттифоқ оғоз шудааст.
Пеш аз ин ҳам дар ҳодисаи мушобеҳе, ки шонздаҳуми июни соли 2018 дар шаҳри Маскав рӯй дод, ронандаи як таксӣ контроли худравашро аз даст дод ва бо ҷамъияте, ки бештари онҳо ҳаводорони футболи Мексика буданд, бархӯрд кард. Бар асари ин ҳодиса дастикам 8 нафар захмӣ шуданд. Пулиси Маскав эълом кард, ронанда маст буда ва ҳодисаи Маскав террористӣ набудааст.
Шаҳрҳои мухталифи Русия ин рӯзҳо мизбони баргузории мусобиқоти футболи Ҷоми Ҷаҳонии соли 2018 аст ва амният дар ин кишвар дар сатҳи вежае иҷро шудааст.