Июл 05, 2018 18:55 Asia/Dushanbe
  • Ниме аз мардуми Амрико Трампро нажодпараст медонанд

Натоиҷи назарсанҷии ҷадиди Донишгоҳи Куинипаки дар Амрико нишон медиҳад, ҳудуди ниме аз шаҳрвандони Амрико муътақиданд, раисҷумҳури кишварашон фарде нажодпараст аст.

Трамп борҳо аз адабиёти нажодпарастона ва бегонаҳаросона истифода кардааст.  

Вай пеш аз ин Мексикаро ба ирсоли афроди мутаҷовиз ва табаҳкор ба Амрико муттаҳам ва аз таҷаммуи 2017 нажодпарастони сафедпуст дар яке аз шаҳрҳои иёлоти Вирҷиния ҳимоят кард.  

Трамп ҳамчунин намояндаи сиёҳпусти Конгресси Амрикоро фарде бо зариби ҳушии бисёр андак хондааст.