Мавзеи воҳиди Аврупо, Русия ва Чин дар қиболи сиёсатҳои иқтисодии Трамп
Вазорати иқтисод ва дороии Фаронса хоҳони мавзеи воҳиди Аврупо дар муқобили иқдомоти иқтисодии ҳимоятгароёнаи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шуд. Париж хоҳони он аст, ки аврупоиҳо музокирот бо Вашингтонро то замони лағви тарифаҳои гумрукии Амрико оғоз накунанд.
Русия низ дар ростои иқдомоти мутақобил барои муқобила бо тарифҳои Амрико бар фулод ва алюминиюми содиротии ин кишвар, бар бархе колоҳои амрикоӣ тарифа вазъ кард.
Ба назар мерасад, ки иқдомоти Трамп дар арсаи тиҷорӣ ва иқтисодӣ боис шуда, то навъе иттиҳоди ҷаҳонӣ алайҳи вай ҳатто аз ҷониби кишварҳое, ки дучори ихтилофоти ҷиддӣ бо ҳам ҳастанд, шакл бигирад.
Дар ин росто Аврупо ва Русия амалан вориди ҷибҳаи воҳиде алайҳи Амрико шуда ва зимни иқдомоти мутақобил, хоҳони лағви афзоиш тарифаҳо аз сӯи Амрико шудаанд.
Чин низ, ки аз 6 июл вориди ҷанги тиҷории густардае бо Амрико шуда, ки афзоиши абъоди он бисёр муҳтамил аст, мавзеи ҳамсӯӣ бо Аврупо барои муқобила бо иқдомоти тиҷории Амрикоро дар пеш гирифтааст.
Рӯзномаи Чайна Дейли дар сармақолаи рӯзи ҷумъаи худ давлати Трампро ба як гурӯҳи табаҳкор ташбеҳ кард, ки ба аххозӣ аз дигар кишварҳо ба вижа Чин мепардозад.
Як манбаъ дар Вазорати иқтисоди Фаронса, ки номаш зикр нашудааст, гуфт: Мавзеи усулӣ ин аст, ки бояд омодаи оғози музокирот бо Амрико буд. Аммо фақат замоне, ки таҳдидот рафъ шавад.
Роберт Маллей, узви пешини Шӯрои амнияти милли Амрико муътақид аст, ки якҷонибагароии Доналд Трамп, ин кишварро мунзавӣ карда, ки бо хуруҷ аз БАРҶОМ ва таҳмили тарифаҳои тиҷорӣ бар наздиктарин муттаҳидони Иёлоти Муттаҳида, аланитар шудааст.
Мухолифатҳои дохилӣ низ алайҳи Трамп ба далеил сиёсатҳои вай ба вижа иқдомоти ғайриинсонии алайҳи муҳоҷирон дар ҳоли афзоиш аст.
Маҷмуаи ин авомил муҷиби афзоиши мустамари инзивоии Амрико ва Трамп хоҳад шуд.