Тазоҳурот алайҳи саудиҳо дар Истанбул
https://parstoday.ir/tg/news/world-i36488-Тазоҳурот_алайҳи_саудиҳо_дар_Истанбул
Даҳҳо нафар бо тазоҳурот дар муқобили консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул ба ҷиноёти Оли Сауд дар Яман эътироз карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 08, 2018 14:15 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳурот алайҳи саудиҳо дар Истанбул

Даҳҳо нафар бо тазоҳурот дар муқобили консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул ба ҷиноёти Оли Сауд дар Яман эътироз карданд.

Рӯзи гузашта даҳҳо нафар аз мусулмонони Туркия бо тазоҳурот дар муқобили консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул нисбат ба ҷиноёти режими Саудӣ дар Яман ва таҷовуз ба хоки ин кишвар эътироз карданд.

Тазоҳуроткунандагон бо сар додани шиорҳои режими Саудӣ бояд муҳокима шавад, дар Фаластин яҳудӣ, дар Яман Саудӣ " ва марг бар Амрико, марг бар Исроил ва марг бар Оли Сауд нисбат ба ҷиноёте, ки алайҳи миллати Яман дар ҳоли вуқуъ аст, эъломи инзиҷор карданд.  

Дар баёнияи поёнии ин роҳпаймоӣ бо таъкид бар инки муҳосираи ҳамаҷонибаи миллати Яман бо ҳимояти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз сӯи режими Саудӣ дар ҳоли таҳаққуқ аст, ин иқдом ба масобаи ҷинояте таърихӣ алайҳи мавҷудияти як миллат унвон шуд.