Иқдомоти Трамп ва сардаргумӣ дар Кохи Сафед
(last modified Sun, 08 Jul 2018 13:58:22 GMT )
Июл 08, 2018 18:58 Asia/Dushanbe
  • Иқдомоти Трамп ва сардаргумӣ дар Кохи Сафед

Иқдомоти раисҷумҳури Амрико, муҷиби сардаргумӣ ва ташдиди ихтилофот дар Кохи Сафед шудааст.  

Рӯзномаи Вашингтон Пост, бо интишори гузорише дар мавриди ташдиди ихтилофот дар Кохи Сафед навишт, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико иқдом ба гуфтугӯи телефонии дунафара бо дигар сарони ҷаҳон мекунад.

Дар шароите, ки ҳатто дастёрони аршади ӯ дар Кохи Сафед дар ҷараёни он қарор намегиранд.

Ин дар ҳолест, ки Кохи Сафед маъмулан бар гуфтугӯ бо сарони дигар кишварҳо ба шиддат назорат мекунад.

Тибқи қонуни федерал, гуфтугӯҳо бо сарони дигар кишварҳои дунё лозим аст, то дар утоқи конфронси Кохи Сафед анҷом гирад.