Июл 11, 2018 19:36 Asia/Dushanbe
  • Ақибнишинии Кохи Сафед дар бораи илзоми кишварҳо ба таҳрими нафти Эрон

Вазири хориҷаи Амрико аз баррасии дархости бархе кишварҳо барои мустасно шудан аз таҳримҳои нафтии Эрон хабар дод.  

Майк Пампо, вазири хориҷаи Амрико бидуни зикри номи ин кишварҳо эълом кард, Вашингтон дархости бархе кишварҳоро барои мустасно шудан аз таҳримҳое, ки аз ноябр барои мамониат аз содироти нафти Эрон эъмол мешавад, баррасӣ мекунад.  

Пештар низ як мақоми аршади Вазорати хориҷаи Амрико гуфта буд, ки давлати Донолд Трамп, раисҷумҳури Амрико мумкин аст, барои бархе кишварҳои воридкунандаи нафт аз Эрон, маофиятҳои мавридӣ дар назар бигирад.

Пас аз эъломи Трамп мабнӣ бар хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ, Вашингтон 4 ноябрро ба унвони муҳлати таваққуфи хариди нафт аз Эрон ва ҳамроҳӣ бо таҳримҳои зиддиэронӣ, таъин кардааст.

Мавзеъгирии ҷадиди Вазири хориҷаи Амрико дар ҳоле баён шуд, ки Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон ҳафтаи гузашта дар дидори эрониёни муқими Швейтсария, гуфт: Амрикоиҳо муддаӣ шудаанд, ки мехоҳанд, ба таври комил ҷилави содироти нафти Эронро бигиранд.

Онҳо маънии ин ҳарфро намефҳманд, чаро, ки ин аслан маънӣ надорад, ки нафти Эрон содир нашавад ва он вақт нафти минтақа содир шавад. Агар шумо тавонистед ин корро бикунед, то натиҷаашро бубинед.

 

Барчасп