Трамп ва тафриқаафканӣ дар НАТО
Нахустин рӯз аз нишасти сарони НАТО дар Брюссел дар ҳоле ба поён расид, ки ин нишаст шоҳиди ҳамалоти лафзии шадид ва бесобиқаи Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико алайҳи Олмон, ба унвони муҳимтарин узви НАТО буд.
Дар воқеъ, ҳамон гуна ки интизор мерафт, нишасти НАТО ба саҳнаи тасвияҳисоб (ҳисоббаробаркунӣ) байни Трамп ва Ангела Меркел, садри аъзами Олмон табдил шуд.
Пас аз он ки Трамп дар дидори худ бо Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО дар Брюссел эълом кард, ки Олмон “комилан таҳти контроли Русия қарор дорад", интизор мерафт, ки садри аъзами Олмон вокуниши тунде ба ин суханон нишон диҳад.
Ба гуфтаи Трамп: “Мо дар НАТО ҳазинаи ваҳшатноки амнияти Олмон ва Фаронса ва бисёре дигар аз кишварҳоро алайҳи таҳдиди эҳтимолии Русия медиҳем, он вақт муттаҳидони мо муҳимтарин қарордодҳояшонро бо Русия мебанданд".
Олмон то ҳафтод дарсад аз масрафи энержии худро ба Русия вобаста аст. Изҳороти Трамп кинояе ошкор ба Аврупои Ғарбӣ, ба вижа Олмон буд, ки бо вуҷуди тадобири НАТО барои муқобила бо таҳдидоти иддаоӣ аз ҷониби Русия, аммо ҳамчунон равобити гарми худ бо Маскав, ба хусус дар ҳавзаи энержиро ҳифз карда ва дар ин росто дар садади мушорикат дар бунёди хати лӯлаи гази “Нурд Стрим – 2” барои интиқоли гази Русия аз тариқи баҳри Балтика аст. Садри аъзами Олмон дар вокуниш ба изҳороти Трамп гуфт, Олмон дар сиёсатҳои худ дунболарави Доналд Трамп ва Кохи Сафед нахоҳад буд.
Ангела Меркел гуфт, Олмон дар интихоби сиёсатҳояш мустақил амал мекунад.
Албатта, дигар мақомоти аршади Олмон низ вокунишҳои тунде алайҳи изҳороти Трамп нишон доданд.
Ҳайко Мас, вазири хориҷаи Олмон дар вокуниш ба изҳороти Трамп гуфт, Берлин гаравгони Русия ва Амрико нест, балки зомини ҷаҳони озод аст.
Аммо масъалаи муҳими дигаре, ки ба ихтилофи дерина байни Вашингтон ва Берлин табдил шуда, масъалаи ҳазинаҳои низомии кишварҳои аврупоии узви НАТО аст. Дар соли 2014 аъзои НАТО тавофуқ карданд то соли 2024 солона ду дарсад аз тавлиди нохолиси дохилии худро ба будҷаи ин созмон ихтисос диҳанд. Трамп муддаӣ аст, ки фақат 8 кишвари НАТО ин меъёрро риоят мекунанд. Дар айни ҳол Трамп, ки пеш аз нишасти кунунии НАТО аз кишварҳои узв хоста буд то чаҳор дарсад аз тавлиди нохолиси дохили худро сарфи будҷаи низомӣ кунанд, пас аз ин нишаст дар ҳисоби твиттерии худ низ аз тасмими ниҳоӣ барои идомаи ҷудо кардани ду дарсад аз тавлиди нохолиси дохилӣ ба умури низомӣ то соли 2024 ибрози нохушнудӣ кард. Трамп бо ишора ба ҳазинаи Олмон барои хати лӯлаи интиқоли газ аз Русия гуфт, ки кишварҳои узв бояд саҳми ҳазинаи низомии худро ҳамин ҳоло ва на то соли 2025 пардохт кунанд. Ин мавзеи Трамп бо интиқоди шадиди Олмон мувоҷеҳ шудааст.
Меркел дар интиқод аз иддаои Трамп дар бораи ин ки Амрико будҷаи НАТО-ро мепардозад, гуфт: “Олмон ҳам кори зиёде барои НАТО мекунад. Олмон дувумин таъминкунандаи бузурги нерӯ аст ва бузургтарин бахш аз қобилияти артиши мо дар ихтиёри НАТО қарор дорад ва то ба имрӯз мо мушорикати густурдае дар робита бо Афғонистон доштем. Дар ин росто мо ҳамчунин аз манофеи Иёлоти Муттаҳида дифоъ кардем”.
Ин мавзеи Меркел бо ҳимояти Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо мувоҷеҳ шуда, ки дар охирин изҳори назари худ эълом кард, ки ба ҳеҷ ваҷҳ Аврупо дар будҷаи дифоии НАТО камасар набудааст ва кишварҳои аврупоӣ бо маблағи бештар аз будҷаи низомии кишвари бузурге монанди Чин, дар будҷаи НАТО дар солҳои ахир мушорикат доштаанд.