Июл 13, 2018 17:38 Asia/Dushanbe
  • Озодии комили шаҳри роҳбурдии Даръо дар ҷануби Сурия

Дар идомаи пешравиҳои артиш ва неруҳои мардумии Сурия, шаҳри муҳим ва стратегии Даръо маркази устони Даръо ба таври комил озод шуд.

Ба гузориши ИРНА, бо вуруди худравҳои артиши Сурия ба шаҳри Даръо, ки чанд сол таҳти контроли террористҳо қарор дошт, неруҳои сурияӣ парчами кишварашонро бар болои масҷиде дар минтақаи «Даръо Албалда», ки эътирозоти мухолифони давлат дар соли 2011 аз онҷо оғоз шуда буд, ба эҳтизоз дароварданд.

Террористҳои ҳозир дар манотиқи мухталифи Даръо низ бо таҳвили силоҳҳои худ таслими артиши Сурия шуданд.

Амалиёти артиши Сурия алайҳи гурӯҳҳои террористӣ дар ҷануби ин кишвар аз авохири июн аз се меҳвар оғоз шуда ва тайи ин муддат, даҳҳо шаҳрак ва русто поксозӣ шудааст.