Июл 13, 2018 20:09 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти густурдаи мардуми Бритониё дар мухолифат бо сафари Трамп ба Лондон

Мавҷи азиме аз мухолифони раиси ҷумҳурии Амрико ба даъвати ниҳодҳои ҳуқуқибашарӣ ва мухолифи ҷанг дар Лондон тазоҳурот карданд.

Ба гузориши ИРНА, даҳҳо ҳазор тан аз тазоҳуркунандагон дар ин ҳаракати эътирозӣ дар муқобили бинои ВВС таҷаммӯъ карда ва шиорҳоеро алайҳи Доналд Трамп ва сиёсатҳои ӯ сар медиҳанд.

Мӯътаризон порчанавиштаҳо ва шиорнавиштаҳоеро дар даст доранд, ки дар он ҳузури раиси ҷумҳурии Амрико дар Лондон, сиёсатҳои ӯ ва ҳимояти Бритониё аз Трамп маҳкум шудааст.

Муроди Қурайшӣ, раиси бузургтарин корзори зидди ҷанги мавсум ба «Этилофи таваққуфи ҷанг» низ гуфт: Мардуми Бритониё аз соли гузашта, ки Трамп қарор буд ба ин кишвар сафар кунад, хашми худро нигаҳ дошта ва имрӯз ба намоиш гузоштанд.

Қурайшӣ тасреҳ кард, Трамп бо корҳое монанди фиристодани неру ба Афғонистон, дар пеш гирифтани сиёсати зиддимуҳоҷиратӣ алайҳи мусулмонон ва хориҷ шудан аз Барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак нишон дод, ки як мураввиҷи ҷанг аст.

Раиси ҷумҳурии Амрико баъд аз зуҳри панҷшанбе барои анҷоми сафари корӣ дар миёни тадбирҳои шадиди амниятӣ вориди Бритониё шуд.

Ҳамзамон дар беш аз 60 шаҳри дигар дар Бритониё қарор аст тазоҳуроти зидди Трамп баргузор шавад.