Сентябр 06, 2016 14:23 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳурии Филиппин ҳамтои амрикоии худро

Бо таваҷҷуҳ ба носазоҳое, ки раисҷумҳури Филиппин нисори ҳамтои амрикоии худ- Барак Абама кард, дидори Обама бо вай лағв шуд.

Ба гузориши "Пресс ТВ", Родриго Дутерте рӯзи душанбе дар як суханронӣ гуфт: "Ӯ (Абама) тасаввур мекунад чӣ касе аст? Ман дастнишондаи Амрико нестам. Ман раисҷмҳури як кишвари мустақил ҳастам ва ҷуз ба мардуми Филиппин, посухгӯи каси дигаре нестам. Эй ҳаромзода, ман ба ту носазо хоҳам гуфт".

Пештар эълом шуда буд, ки Абама қарор аст барои он чи Иёлоти Муттаҳида аз он ба унвони "қатлҳои фироқзоии фурӯшандагони маводи мухаддир" дар Филиппин ёд мекунад, бо ҳамтои филиппинии худ ҳафтаи ҷорӣ дидор кунад.

Аммо Кохи сафед бо таваҷҷуҳ ба суханронии Дутерте эълом кард, Абама рӯзи сешанбе дар ивази дидор бо ҳамтои филиппинии худ, бо Порк Гун -Ҳой, раиси ҷумҳурии Кореяи ҷанубӣ дидор хоҳад кард.

Дутерте дар суханронии худ, илова бар носазо гуфтан ба Абама, Амрикоро масъули эҷоди нооромӣ дар ҷазираи ҷанубии Минданао дар Филиппин донист.

 

Барчасп