ДИИШ масъулияти ҳамлаи террористӣ дар Балучистони Покистонро бар ӯҳда гирифт
https://parstoday.ir/tg/news/world-i36612-ДИИШ_масъулияти_ҳамлаи_террористӣ_дар_Балучистони_Покистонро_бар_ӯҳда_гирифт
Гурӯҳи террористии ДИИШ бомдоди шанбе масъулияти инфиҷори террористӣ дар минтақаи Мастунги иёлати Балучистони Покистонро бар ӯҳда гирифт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 14, 2018 11:46 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ масъулияти ҳамлаи террористӣ дар Балучистони Покистонро бар ӯҳда гирифт

Гурӯҳи террористии ДИИШ бомдоди шанбе масъулияти инфиҷори террористӣ дар минтақаи Мастунги иёлати Балучистони Покистонро бар ӯҳда гирифт.

Асри ҷумъа бар асари инфиҷори бомба дар гирдиҳамоии интихоботи Ҳизби авоми Балучистон дар минтақаи Мастунги иёлати Балучистони Покистон, 130 нафар, аз ҷумла Наввобзода Сироҷ Раисони, раиси ин ҳизб кушта ва 150 нафари дигар захмӣ шуданд.

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷумъашаб ин ҳамлаи террористиро маҳкум ва бо давлат ва миллати ин кишвар ва хонаводаи қурбониён ибрози ҳамдардӣ кард.

Интихоботи парлумонии Покистон 25-уми июл баргузор хоҳад шуд.