Июл 14, 2018 12:16 Asia/Dushanbe
  • Хурӯҷи Фаронса аз ҷамъи шаш қудрати бартари иқтисодии ҷаҳон

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши солонаи худ эълом кард, Фаронса бо як рутба таназзул, аз ҷамъи шаш кишвари қудратманди иқтисоди ҷаҳон хориҷ шуд ва Ҳинд ҷойи онро гирифт.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Бонки Ҷаҳонӣ овардааст, Фаронса акнун пас аз Ҳинд дар ҷойгоҳи ҳафтум қарор гирифтааст.

Ба гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, Русия бо рушди иқтисодии бештар аз порсол ва бо тавлиди нохолиси дохилии муодили як миллиарду 580 миллион доллар, дар ҷойгоҳи ёздаҳуми қудратҳои иқтисодии ҷаҳон қарор гирифтааст.

Дар ҷадвали Бонки Ҷаҳонӣ тавлиди нохолиси дохилии Амрико ҳам, ки дар садри феҳрист қарор дорад, ба 19 миллиарду 390 миллиард доллар расидааст.

Чин бо 12 миллиарду 237 миллион доллар дар ҷойгоҳ дувум, Ҷопон бо чаҳор миллиарду 872 миллион доллар, Олмон бо се миллиарду 677 миллион доллар ва Британия бо ду миллиарду 622 миллион доллар ба тартиб дар ҷойгоҳҳои баъдии феҳристи қудратҳои иқтисодии ҷаҳон қарор гирифтаанд.