Июл 16, 2018 11:11 Asia/Dushanbe
  • Ошӯб дар Порис баъд аз қаҳрамонии Фаронса дар Ҷоми Ҷаҳонӣ

Пойтахти Фаронса дар шаби қаҳрамонии тими миллии футболи ин кишвар дар Ҷом Ҷаҳонии 2018, саҳнаи хушунат ва даргирии полис ва ҳаводорони футбол шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз”, шодии шомгоҳи якшанбеи мардуми Порис пас аз қаҳрамонии Фаронса дар мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии Футбол дар хиёбони “Шонзелизе” ба шӯриш ва задухурд бо полис боис шуд.

Дар пайи ин даргирӣ, полиси Фаронса дастури холӣ кардани хиёбони “Шонзелизе”, маҳалли аслии таҷаммӯи ҳаводорони тими миллиро содир кард ва барои маҳори шӯришиҳо иқдом ба шиллики гази ашковар кард.

Ин хиёбон саҳнаи ҳузури даҳҳо ҳазор ҳаводори тими миллии футбол буд.

Филмҳо ва тасовири мунташиршуда аз хиёбони “Шонзелизе” нишон медиҳанд, гурӯҳе дар ҳоли осеб задан ба мошинҳо ва амволи умумӣ ҳастанд ва иддае ҳам ба самти маъмурони полис санг партоб мекунанд.

Гузоришҳое аз даргирӣ дар Леон, севумин шаҳри бузурги Фаронса мунташир шудааст.

Тими миллии футболи Фаронса шомгоҳи якшанбе дар дидори поёнии рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳонии 2018, бо натиҷаи 4 ба 2 Хорватияро мағлуб кард ва қаҳрамони ин ҷом шуд.

Наздики 110 ҳазор нерӯи полис барои маҳори ошӯбҳои марбут ба дидори ниҳоии рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳонии Футбол дар шаҳрҳои мухталифи Фаронса мустақар шуда буданд.

 

Барчасп