Июл 16, 2018 16:21 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди парчамҳои таблиғотии Трамп дар як коргоҳи дузандагӣ дар Чин!

Ҳамзамон бо ташдиди ҷанги тиҷорӣ миёни Чин ва Амрико ва дар паи иқдоми Доналд Трамп мабнӣ бар афзоиши тарифаҳои гумрукӣ, парчамҳои таблиғотии Трамп барои интихоботи 2020 дар коргоҳе дар Чин тавлид мешаванд.  

Чин ва Амрико дар чорчуби иқдомоти талофиҷуёна ҳар кадом миллиардҳо доллар тарифаи колоҳои воридотии ҳамдигарро афзоиш дода, аммо ҳануз нишонае дол бар ин, ки ин иқдомоти хасмона шомили коргоҳи таҳияи парчамҳои таблиғотии Трамп дар соли 2020 бишавад, мушоҳида намешавад.  

Ин коргоҳ бо тамоми тавон ба тавлиди парчамҳои таблиғотии Трамп барои интихоботи отӣ идома медиҳад, ки бар рӯи онҳо навишта шудааст: “Трамп 2020, Амрико бояд бузург боқӣ бимонад”.